Description: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор
Ҳозирини гиромӣ!
Шашуми ноябри соли 2023 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад.
Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.